ТАКХ «Рушди Ориён»
Дар филиали ТАКХ «Рушди Ориён» оид ба Бонкдории исломӣ дар ш. Душанбе озмун эълон менамояд!
ЭКСПЕРТҲОИ МАБЛАГУЗОРӢ БА КОРИ ДОИМӢ ДАР СОҲАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ ИНТИХОБ КАРДА МЕШАВАНД.
ТАЛАБОТ НИСБАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;
• камтар аз 1-3 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ, бартарият ба таҷриба дар бахши қарздиҳӣ дода мешавад;

• Тавоноии воқеии идоракунии кормандон дар муҳити тағирёбанда;

• Хуб донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;
• Шиносоии хуб бо қонунгузории ҶТ, аз он ҷумла Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкии Исломӣ» ва дастурамалҳои дахлдор оид ба бонкии исломӣ;
• Маҳорати хуби риёзӣ ва таҳлилӣ;
• Маҳорати хуби бозоршиносӣ ва муошират;
• Малакаҳои хуби кор кардан дар компютер (word, excel, power point) ва тачрибаи кор кардан дар барномаи бонкӣ.
ВАЗИФАҲОЕ, КИ ЭКСПЕРТИ МАБЛАГУЗОРӢ ИҶРО МЕКУНАД:
• ҶАЛБИ МИЗОҶОНИ БОВАРИНОК ВА ИМКОНИЯТДОР;
• ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДИИ КОРИ МИЗОҶОН ВА ҚОБИЛИЯТИ ҚАРЗПАЗИРИИ ОНҲО;
• НАЗОРАТ ВА МОНИТОРИНГИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ТО ПАРДОХТИ ПУРРАИ МАБЛАҒ;
Иштирокчиёни дорои таҷриба дар соҳаи маблағгузории исломӣ дар озмун пазируфта мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ва як тавсияномаро ба почтаи электронии: info@rushdioriyon.tj ирсол намоянд. Лутфан номгӯи вазифаро дар мавзӯи мактуб ҳатман ишора намоед.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 20 марти соли 2021. Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба озмун даъват карда мешаванд.