Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориён” бо қарори муассис аз 03 июни соли 2014, № 01 ҳамчун Ташкилоти тиҷоратии хурд ва амонатии “Рушди Ориён” таъсис дода шудааст.
Имрӯз, дар илми ҷаҳонӣ, истилоҳи ориёӣ асосан ҳамчун қавм ном ва номи забони халқҳои ҳинду-эронӣ истифода бурда мешавад. Тамаддуни ориёӣ ҳатто пеш аз асри VII шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард.” Сипас, ин ном рамзи махсус, аломати мансуб ба рушди миллатҳои қадими тоҷикон гардид. Имрӯз ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориён” ягона ташкилоти амонатии кредитии хурд дар вилояти Суғд мебошад, ки саридораи он берун аз пойтахти ҷумҳурӣ ва маркази вилоят дар шаҳри бостонии Панҷакент ҷойгир аст.
Аз оғози ташкилёбии худ ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориен” худро ҳамчун ташкилоти ояндадор ва рушдёбандаи барои корхонаҳои хурд ва миёна ва инчунин шахсони алоҳида нишон додааст. ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориен” ба муштариён доираи васеи хизматрасониҳоро пешкаш мекунад. Беш аз 5 сол дар бозори бонкӣ фаъолият намуда, ҶДММ ТАКХ “Рушди Ориён” дар ин марҳила эътирофи ҷомеаро ба даст овард.
Агар шумо ягон савол дошта бошед ё мехоҳед бо мо дар бораи яке аз хидматҳои пешниҳодшуда дар тамос бошед, лутфан бо мо дар тамос шавед.
Ин намуди қарз ба шумо имкон медиҳад, ки ашёи рӯзгор, телевизор, компютер ва дигар таҷҳизотро харидорӣ намоед. Инчунин маблағ барои таъмири ҷорӣ ва асосии манзилҳои истиқоматӣ, пардохт барои таълим ва гузаронидани чорабинӣ пешниҳод карда мешавад.
Ин маҳсулот ба қарзгирандагон имкон медиҳад сармояро барои парвариши зироат истифода баранд, хариди тухмӣ, нуриҳо, пеститсидҳо, бунёди гармхонаҳо, хариди техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва боғдорӣ истифода баранд.
Рушд ва тавсеаи тиҷорат сармоягузории мунтазамро тақозо мекунад. Савол дар бораи зарурати сармоягузории молиявӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам соҳибкорони муваффақ зуд ё дер ба миён меояд. ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориен” барои рушди тиҷорати шумо қарз пешниҳод мекунад.
Ба шумо қарз лозим? Бо мо тамос гиред! Зуд ва бо шартҳои мусоид! Мо дар ҳама масъалаҳо машварат хоҳем кард.
Қурби асъори БМТ дар 03.10.2023 | ||
---|---|---|
![]() |
RUB | 0.1109 |
![]() |
EUR | 11.5496 |
![]() |
USD | 10.961 |
МДО "Рушди Ориён" | Покупка | Продажа |
---|---|---|
![]() |
||
![]() |
||
![]() |